Даромади буҷети давлатӣ 107,9 фоиз иҷро гардидааст

Бо назардошти тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ин нуктаро имрӯз масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ баён намуда, гуфт, ки иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9,8 млрд сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 546,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Нуралӣ Давлат,
радиои “Тоҷикистон”