Ошкорсозии беш аз 251 млн сомонӣ зарари молиявӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби мутахассисони самти назорати молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 258 санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 251,1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, Сулаймон Султонзода директори Агентӣ иттиллоъ дод.

Тавассути чораҳои андешида шуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 240,5 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 147,2 млн. сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 93,3 млн. сомонӣ бо роҳи ҳисоббароркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”