Пешниҳоди 10.6 миллиард қарз барои соҳаи соҳибкорӣ

Дар шаш моҳи  соли 2024 дар самти дастгирии соҳибкорӣ, танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо, тавассути низоми «Равзанаи ягона» ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 358,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидор ба қайд гирифта шуданд, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 13244 адад ва ё 3,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ, Султон Раҳимзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттиллоъ дод. Тавре номбурда илова намуд, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 10,6 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  1,3 млрд. сомонӣ ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷониби Кумита тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”