Дар нимсолаи аввали соли 2024 тибқи маълумоти пешакӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кории нав зиёд мебошад. Дар ин хусус вазири меҳнат, муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи шахсони ҳуқуқи дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба 34,9 фоиз ва шахсони воқеӣ 65,1 фоиз баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъсис аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 3,2 фоиз кам шуда, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ба андозаи 14,5 фоиз зиёд шудааст.
Инчунин дар рафти нишаст вобаста ба ҳиссаи ҷойҳои кории доимии таъсисдодашуда маълумот дода шуд, ки ҳиссаи ҷойҳои кории доимӣ дар ин давра ба 38,2 фоиз баробар гардид. Дар баробари ин гуфта шуд, ки дар як қатор соҳаҳои иқтисоди кишвар таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар қиёс ба нимсолаи якуми соли 2023 коҳиш ёфтааст.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”