Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79223 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 60568 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 34049 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд,- таъкид дошт вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии љумњурї Гулнора Хасанзода зимни нишасти матбуотї.
Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор 483 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар натиҷа 12756 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шудаанд. Аз ҷумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳо 6587 нафар корҷӯ соҳиби ҷойи кор гардида, ба 4812 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 1357 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар чунин тавсиф мешавад: вилояти Хатлон 39,1 ҳазор ҷойи нави корӣ ё 13,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд, шаҳри Душанбе 24,2 ҳазор ҷойи корӣ ё 9,3 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, вилояти Суғд – 17,9 ҳазор ҷойи корӣ ё 5,5 фоиз зиёд, ВМКБ – 6,3 ҳазор ҷойи корӣ (4,9 фоиз кам) ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12,5 ҳазор ҷойи корӣ ё 2,5 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Ҷиҳати гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ, вазорат дар доираи имкониятҳои дохилӣ ва дастгирии шарикони рушд чанде пеш сомонаи kor.tj – ро такмил дода, марҳила ба марҳила махзани ҷойҳои кории холӣ ва ба таври худкор аз он истифода намудани ҳам корҷӯён ва ҳам корфармоёнро фароҳам оварда истодааст.
Шоистаи Ахмад
радиои “Тоҷикистон”