Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳӣ 7 миллиарду 949 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Ин нуктаро имрӯз муовини директори генералииҶСК “Барқи тоҷик” Қурбонзода Абдулло зимни нишасти матбуот ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба таъкиди масъулини ин ниҳод бештари барқи истеҳсолгардида ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ мансуб аст.
Вобаста ба корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ танҳо 7 фоизи корҳо иҷро шудаасту халос. Масъулин сабаби кам иҷро гардидани омодагӣ ба мавсими зимистонро дар ҷудо нагардидани маблағ рабт доданд.
Нуралӣ Каримов,
радиои “Тоҷикистон”