Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми он 8,2 фоизро ташкил додааст.
Тавре Вазири рушди иқтисод ва савдо ҶТ Завқӣ Завқизода имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати 11,5 фоиз, кишвари 9,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 16,6 фоиз, маблағгузор ба сармояи асосӣ 15,7 фоиз, гардиши савдо 11,9 фоиз, боркашонӣ 13,8 фоиз ва мусофиркашони 9 фоиз таъмин гардид.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”