Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ин ниҳод нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 434 ҳолати никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2023 2417 адад кам аст. Инчунин дар ҳамин давраи ҳисоботӣ шумораи талоқҳо нисбат ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки агар соли 2024 4108 ҷуфт ҷудо шуда бошад, пас шумора дар соли 2023 ба 5370 баробар буд.
Бунафша Файзиддинзода Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ба ҳолати 01 июли соли равон 18384 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 4655 нафари онҳоро занҳо, яъне 25. 3% – ро ташкил медиҳанд ва ин дар муқоиса ба соли гузашта 99 нафар зиёд аст.
Дар идомаи нишаст Бунафша Файзиддинзода Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳолатҳои муқаррар намудани падарӣ 22503 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 778 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин аз ҳисоби нуқсонҳои дарёфтгардида вобаста ба никоҳи хешутаборӣ 101 нафар кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 80519 нафар занони муҳоҷир ба кишвар баргардонида шуданд. Онҳоро Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба курсҳои касбомӯзӣ ва кори доимӣ ҷалб карданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”