Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 62 навгониҳо, аз он ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шудааст. Ин матлабро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО- и дохилу хориҷи кишвар баён доштанд.
Навгониҳои дар самти ташхис воридшуда ин бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат: ҷарроиҳои дилу рагҳо, сутунмуҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, ҷарроҳии қафаси сина ва чашмро дар бар мегирад.
Инчунин гуфта шуд, ки омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ муаян намуд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ бемориҳои зардпарвинии вирусии намуди “А” 1228 ҳодиса, 4 ҳодисаи сухтан, 859 ҳодисаи илтиҳоби шуш, 191 ҳодисаи сил ва сили роҳҳои нафаскашӣ бори аввал ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.
Олуфта Шарипова