Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ҳамкориро тақвият мебахшанд

Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамеша ташаббусҳои занонро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, гуфта шуд зимни Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни форум иброз дошт, ки баргузории чунин форумҳо барои занони ҳарду давлат баҳри табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди ташаббусҳои нав иқдоми муҳим аст.

Дар форуми занон шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарони ҳарду давлат иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки форум дар доираи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва дарҳои кушоди ҳарду давлат баҳри тақвияти муносибатҳои дипломатӣ байни ду мамлакати дӯсту ҳамсоя ва шарики стратегӣ, ки ҳанӯз 7 январи соли 1993 барқарор гардида буд, баргузор гардид.

Тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ду давлат бар асоси анъана ва арзишҳои муштарак робитаҳои бародарона доранд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.