Афзоиши аҳолӣ талабот ба оби нушокиро дучанд кардааст

Дар баробари афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон талабот ба оби нӯшокӣ дучанд мегардад. Тавре агентии иттилоотии Euronews, гузориш медиҳад, ҳамасола талаботи аҳолӣ ба оби нӯшокӣ 5 дарсад зиёд мегардад.

Тибқи изҳороти СММ аз ҳама зиёд сокинони қитъаҳои Осиё, Африқо, Шарқи Наздик ва Миёна ба оби нушокӣ ниёзи бештар доранд. Ҳамзамон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориш медиҳад, қариб ду миллиард нафар дар сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Бино ба изҳороти СММ эҳтимол аст, ки  то соли 2037 аҳолии ҷаҳон ба 9 миллиард ва то соли 2058 ба 10 миллиард расад. Дар робита ба ин  олимону коршинсон бар ин назаранд, ки зиёд гардидани теъдоди аҳолии саёра вазъи иқтисодии кишварҳои камбизоатро мураккаб месозад.