Давлат Болтаев соҳиби медали 33-юмин Бозиҳои олимпӣ Париж-2024

Як қадами дигар то ба финал…

Давлат Болтаев варзишгари қавии тоҷик дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз риштаи бокс, рақобати дуюми худро низ бо пирӯзӣ ба анҷом расонид. Ин муштзани тавонои тоҷик дар вазни (-92 кг) дар марҳилаи чаҳорякниҳоии 33-юмин Бозиҳои олимпии Париж -2024 муқобили Ҷек Марли аз Ирландия рақобат намуда, бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Давлат Болтаев (-92 кг) пас аз ғалаба бар Ҷек Марлии ирландӣ дар даври нимниҳоӣ бо варзишгари ҳамсоякишварамон Лазизбек Муллоҷонови ӯзбек рӯзи 4-уми август нерӯсанҷӣ мекунад.

Бояд қайд кард, ки новобаста, аз натиҷаи марҳилаи нимниҳоӣ Давлат Болтаев аллакай соҳиби медали Бозиҳои олимпист. Аммо мо аз Давлат медали тиллоро умедвор ҳастем. Ғалабаи Давлатро ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон муборак гуфта, дар рақобатҳои оянда ба ин варзишгари серталоши худ барор хоҳонем.

Рустами Зоир

радиои «Тоҷикистон»