Рӯзи 30-уми июл дар рӯи замин тӯфони магнитии пурқуввате ба амал омада, ин раванд то ҳол идома дорад. Ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ тӯфони магнитӣ боиси фишорбаландӣ ва бад шудани вазъи саломатии умумӣ мегардад.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тӯфонҳои магнитӣ метавонанд, ба гирифторони бемориҳои дилу рагҳо таъсир расонанд. Ба андешаи иқлимшиносон соли 2024 ҳар моҳ тӯфонҳои магнитии пурқувват дар Замин мушоҳида хоҳанд шуд.
Ҳамазмон, соли ҷорӣ на танҳо гармии ҳаво, балки ҳодисаҳои шадиди обхезиву тӯфонҳо низ зуд-зуд рух хоҳанд дод. Иқлимшиносон изҳор менамоянд, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми августи сори равон низ боз ба амал омадани тӯфонҳои магнитӣ аз эҳтимол руд нест.