Ба судҳои иқтисодӣ 372 нафар шифоҳӣ ва 162 ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд

Дар нимсолаи якуми соли 2024, 372 нафар ба судҳои иқтисодӣ ба таври шифоҳӣ ва 162 муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ дар шакли хаттӣ ворид гардида, аз ин шумора (муроҷиатҳои хаттӣ) 156 адад ҳал гардида, 6 адад дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ин нукта дар ҷараёни нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ баён гардид.

Ҳамчунин Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода иброз намуд, ки натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1609 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст.

Нуралӣ Каримов,

радиои «Тоҷикистон»