86 фоиз иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён дар ДБЗХТ

Имрӯз дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ раёсати Донишгоҳ 8 мулоқот бо сафирон, намояндагии консулгариву муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз давлатҳои Кареяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир мулоқоту вохӯрии судманд доир намуда,  дар ин давра 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба тавсиб расонида шуд.

Жило Гулназарзода ректори Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гуфт, ки то имрӯз нақшаи қабули донишҷӯён 86 фоиз иҷро гардидааст ва то даврҳои дигари тақсимот ин шумора имкон дорад, ки зиёд шавад. Ба таъкиди ӯ имсол довталабон бештар ихтисосҳои забони англисӣ, ки ба фаъолити омӯзорӣ нигаронида шудаанд, интихоб кардаанд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар назди Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гимназия сохта ба истифода дода шуд. Ба таъкиди Жило Гулназарзода дар гимназия хонандагон аз синфи 1–ум қабул гардида, дарсҳо бо се забон: тоҷикӣ русӣ ва англисӣ  гузаронида мешаванд.

Дар идомаи нишаст Жило Гулназарзода ректори Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, созовори 27 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 3 адад зиёд аст.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 7 нафар омӯзгори хориҷӣ фаъолият намуда, инчунин ба ҳайси шунаванда дар курсҳои забономӯзӣ 11 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунад. Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳ кормандону омӯзгорон дар ҳайати 7 нафар, барои ба имзо расонидани Созишномаҳо, иштирок дар семинару форумҳо, конференсияҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо, ба давлатҳои Чин, Ҷопон, Белорус, Ўзбекистон сафарбар гардиданд. 

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”