Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи корхонаҳои бозмонда дар ин давра 92-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 32 корхона кам мебошад, иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Бино ба маълумоти масъулини ин ниҳод аз 92 корхонаи аз фаъолият бозмонда 58, 7% ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 41, 3% аз соли 2019 то соли 2022 фаъолият накардаанд рост меояд.
Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва пилла, соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, саноати ангишт ва маъданҳои куҳӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Сабабҳои асосии муваққатан фаъолият накардани корхонаҳоро роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидани корхонаҳо, аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибмулкони корхонаҳо дар давоми паҳншавии бемории сироятии КОВИД- 19, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулотҳои истеҳсолӣ арзёбӣ намуданд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”