Дар нимсолаи якуми соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯи 110 мавзӯъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ, Президенти академия, Қобилҷон Хушвахтзода зикр намуд.
Тавре манбаъ илова намуд, дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 900 кори илмӣ аз ҷумла беш аз 26 монография, қариб 100 китоб, маҷмӯаҳои илмӣ, беш аз 765 мақолаҳои илмӣ, аз он 472 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 160 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷии дур (аз ҷумла, 10 мақола дар SCOPUS) ба нашр расонида шуд.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”