Кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, 22 ҳазору 53 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор дорад, ки аз ин шумора 20 ҳазору 845 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳанд.
Дар ин бора, имрӯз зимни нишасти хабарӣ, вобаста ба натиҷаи фаъолияти хадамот дар нимсолаи якуми соли 2024 сардори ниҳоди мазкур Барно Саидвализода иттиллоъ дода, гуфт, ки бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 16 339 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 58 млн 177 ҳазор сомонӣ, 611 ҳазору 797 доллари ИМА таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағҳои рӯёнидашуда 7 млн 609 ҳазор сомонӣ ва дигар асъори хориҷӣ ба манфиати давлат, шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ зиёд мебошанд.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”