Дар солҳои охир шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон кам гардидааст. Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон мувофиқи маълумотҳои вазору идораҳои дахлдор, сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ 28% кам гардидааст. Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода мувофиқи “Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” ҳамасола барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ бояд 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Иқтидори истеҳсоли энергияи сабз барои фароҳам овардани фазои сармогузорӣ дар кишвар мусоидат намудааст. Ба таъкиди Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегӣ имрӯзҳо ширкату корхонаҳои байналмилалӣ бештар дар кишварҳое сармоягузорӣ менамоянд, ки таъмини энергияи сабз дар онҳо дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. “Мувофиқи гузориши департаменти ИМА дар бораи фазои сармоягузорӣ дар кишварҳои ҷаҳон, натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон нисбатан мусбат дар муқоиса бо баъзе аз кишварҳои минтақа арзёбӣ шудааст”- илова намуд Хайриддин Усмонзода.
Ҳамчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки айни замон МТС бо 26 маркази тадқиқоти хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Зикр гардид, ки марказ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳкиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дорад. Гуфта шуд, ки МТС барои тавсеаи ҳамкориҳои берунӣ дар ин муддат дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ 12 суҳбату вохӯриро доир намудааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”