Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷалолатмаоб,
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.
Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву таслияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».