Ба буҷети давлатӣ 3 млн. сомонӣ аз ҳисоби ошкор гардидани қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ворид шудааст

Бо мақсади муаян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландншавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ ошкор ва буҷети давлатӣ гузаронида шуд.

Дар ин хусус муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар Сафаралӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар заминаи талаботи Қарори Ҳукумати кишвар” Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд”, мониторинги 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамаррӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.

Ба маълумоти масъулини ин ниҳод аксаран 4 номгӯи мазкур ё ин, ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд, ки ин ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.

Олуфта Шарифова,

радиои “Тоҷикистон”