Дар шаш моҳи соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 532 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷумла 188 сел, 156 барфу борони шадид, 77 тарма 35 ҳолати болорави сатҳи об ва дигар ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 130 миллииону 663 ҳазор 500 сомоиро ташкил додааст.
Ин нуқтаро имруз зимни нишасти хабари Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода баён намуда, гуфт дар натиҷаи 12 офати табиӣ 15 нафар шаҳрванди кишварамон ҷони худро аз даст доданд, аз ҷумла 9 нафар дар селҳои харобкор ҷон бохтаву, 4 нафар дар раъду барқ ва 2 нафарро ярч ҳалок кардааст.
Дар идомаи нишаст Рустам Назарзода илова кард, ки бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 164 бинои истиқоматӣ, 1853 иншооти ёрирасон, 6 бино муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 66 пул 2498,59 гектар майдони кишт ва 294, 2 км роҳҳои зарар дидаанд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”