Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 миллиарду 226,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки иҷрои нақша 102,5 % – ро ташкил менамояд.
Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфт, ки дар 27 шаҳру ноҳияҳои кишвар қисми даромади буҷет иҷро нагардидааст.
Хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳо бо ҳисоби пешакӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 168,4 миллион сомониро ташкил додааст.
Нуралӣ Каримов,
радиои “Тоҷикистон”