Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков ва нокомии Миҷгона Самадова дар рӯзи 4-уми бозиҳои олимпӣ

Дар рӯзи 4-уми 33-юмин бозиҳои тобистонаи олимпӣ Париж-2024, 2 варзишгар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Инҳо Сомон Маҳмадбеков дар ришати ҷудо ва Миҷгона Самадова дар риштаи бокс буданд.

Дар риштаи ҷудо дар вазни дар вазни 81 кг Сомон Маҳмадбеков варзишгари номошнои тоҷик рақобат намуда, дурахши хуб ҳам дошт. Сомон бозиҳои олимпиро бо ғалаба шурӯъ кард. Дар даври аввал ӯ озод буда, дар даври дуюм бо варзишгар аз Фаластин, Форис Бадавӣ барои баромадан ба даври 1/8 финал мубориза бурда, бо имтиёзи иппон ғалаба ба даст овард.

Пасон Маҳмадбеков дар даври 1/8 ниҳоӣ бо Франк де Витии 28-сола, ҷудокори нидерландӣ рӯ ба рӯ шуд. Франк де Вити қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон ва барандаи медали нуқра ва биринҷии мусобиқаи “Ситораҳои ҷудои ҷаҳон” буд. Вале нигоҳ накарда ба ин Сомон тавонсит рақобати арзанда нишон дода, ин рақибашро бо як вазарӣ шикаст диҳад. 

Варзишгари умедбахши тоҷик дар даври ¼ ниҳоӣ бо ҷудокор аз Гурҷистон, Тато Григорашвилии 24 сола, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, дорандаи ду нишони тиллои “Ситораи ҷудои ҷаҳон” даст ба гиребон шуда, то ба даври Golden Score ё худ “натиҷаи тиллоӣ” рақобати сахту сангин нишон дод, вале мутаасифона бо имтиёзи вазарӣ аз ин рақиби ниҳоят қавиаш шикаст хӯрд. 

Пас аз шикатс дар даври ¼ ниҳоӣ Сомон ба даври тасалобахш рафт ва дар ин давр бо ҷудокори ҳамсоякишварамон аз Ӯзбекистон Шарофиддин Болтаев нерӯсанҷӣ намуда, бо имтиёзи вазарӣ ғолиб омад. 

Ниҳоят дар рақобат барои нишони биринҷии 33-юмин бозиҳои олимпии тобистона Париж-2024, ҷудокори мо Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари итолёвӣ Антонио Эспосито даст ба гиребон шуда, бо имтиёзи вазарӣ пирӯз гардид. Ин аввалин медали бозиҳои олимпии Париж-2024 барои варзишгарони тоҷик ва аввалин медали олимпӣ аз риштаи ҷудобаъд аз 16 сол буд. Ёдовар мешавем, ки 16 сол қабл дар бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 ҷудокори шинохтаи тоҷик Расул Боқиев тавониста буд, соҳиби медали биринҷӣ гардад. 

Ҳамчунин дар вазни 81 кг Таканори Нагассеи ҷопонӣ соҳиби медали тилло, Тато Григалашвилӣ варзишгари ҷурҷӣ соҳиби медали нуқра ва Ли Ҷунҳван аз Кореяи Ҷануби бо Сомон медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.

Сомон дар рӯзи 4-уми бозиҳои олимпӣ дурахшиши олӣ дошт, вале мутаасифона дар ҳамин рӯз варзишгари дигари тоҷик аз риштаи бокс Миҷгона Самадова дар даври аввали бозиҳо бо муштзани амрикоӣ Алиса Мензода барои баромадан ба даври дигар рақобат намуд ва ноком гардид. Дар ин рақобат бо қарори ҷудогонаи доварон Алиса Мендоза бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардида, ба даври дуюм роҳи худро ҳамвор кард. Миҷгона Самадова бошад аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. 

Имрӯз Тоҷикистонро аз риштаи ҷудо дар вазни -90 кг Комроншоҳи Устопириён муаррифӣ мекунад. Комроншоҳ маротибаи сеюм аст, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок дорад ва имрӯз дар даври аввал бо варзишгар аз Испания Тристани Мосахлишвили рӯ ба рӯ мешавад. 

Дар сурати ғалаба дар даври дуюм бо варзишгари Қирғизистон Эрлан Шеров нурӯ месанҷад.

Ғалабаи Сомонро ба кулли ҳамватанон табрик гуфта, дар рақобатҳои сахту сангин бар Комроншоҳ барор хоҳонем.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”