Баргузории нахустнамоиши се филми нав дар соли 2024

То охири соли ҷорӣ нахустнамоиши филми “Моҳи дар шаст” – и коргардон Муҳиддини Музаффар, филми “Танҳо ту” – и коргардон Умедшо Мирзоширинов ва филми “Виҷдон” – и коргардон Соҳибёр Толибов баргузор мегардад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии МД “Тоҷикфилм” иттилоъ дода шуд.

Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД “Тоҷикфилм” гуфт, ки моҳи сенябри соли равон банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Россия “Сукут дар қуллаҳо” шурӯъ мегардад.

Ҳамчунин имсол дар доираи рӯзи кинои тоҷик, 16 октябр, дуюмин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи сомон” доир мегардад, ки дар доираи он баргузории рӯзҳои кинои дигар давлатҳо ва Форуми байналмилалии синамо ба нақша гирифта шудааст, илова намуд Маҳмадсаид Шоҳиён. Иттилоъ дода шуд, ки моҳи август баргузории рӯзҳои кинои Қазоқистон дар назар гирифта шудааст.

Сарвинози С.

радиои “Тоҷикистон”