Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар нимсолаи аввали соли 2024 даромади умумӣ ба 48,8 млн сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 285,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабари муовини аввали Иттифоқи “Тоҷикматлубот” кишвар Хуршед Раҳмоналӣ иттилоъ дод.
Тибқи иттилои мавсуф андоза ба буҷети мамлакат, аз ҳамаи намуди манбаъҳо ба маблағи 15,6 млн сомонӣ пардохт карда шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 971,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳамаи намудҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 7 млн 41 ҳазор сомонӣ фоидаи тавозун ба даст оварда шуд.
Нуқтаи дигар дар нишасти ин ниҳод гуфта шуд, ки барои корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, азнавсозӣ, таъмири бинову иншоот ва хариди воситаҳои асосӣ 8,9 млн сомонӣ хараҷот карда шуд, ки аз дар нимсолаи аввали соли сипаришуда 6,4 млн сомонӣ зиёд аст.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”