Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ барои кори муваққатӣ дар марказҳои имтиҳонӣ 3295 нафар шахси хоҳишманд ҳуҷҷат супориданд, ки аз ин шумора 2825 нафар ба семинарҳо ҷалб карда шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ хабар дода шуд.
Ҳамчунин бо 1957 нафар шартномаи меҳнатӣ баста шудааст. Ба таъкиди директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода теъдоди ба қайдгирӣ 99 ҳазору 722 довталабро дар бар гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, тариқи имтиҳонҳои марказ 65266 донишҷӯ гардидаанд.
Нуралӣ Каримов,
радиои “Тоҷикистон”