Бо мақсади иҷрои “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” 4 ҳазору 82 нафар, аз ҷумла 1017 нафар занону духтарон курсҳои кутоҳмудати касбомӯзиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ хатм намуданд. Ин матлабро имрӯз раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардиди бахши идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ сатҳу сифати азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз фанҳои умумитаълимӣ ба ҳолати моҳи майи соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душаебе 62/3%, ва 27, 7% , ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 67,9%, вилояти Суғд – 70,4% ва вилояти Хатлон 70,0% ва 26, 7% фоиз мебошад.
Дар робита ба фаро гирифтани кадрҳои коргарӣ таъкид гардид, ки дар ин зинаи таҳсилот аз рӯи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 – то зиёд карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ сатҳи донишандӯзии хонандагон дар муасиссаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз фанҳои умумитаълимӣ дар ҷумҳурӣ 68, 7 дарсад ва сифати дониш 26, 5 дарсадро ташкил медиҳад.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”