Дар асоси барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар нимсолаи аввали соли 2024 аз 53 филмномаи пешниҳодшуда ба Шӯрои бадеии муассиса тавассути Питчинг 3 филми ҳунарии пурра, 3 филми мустанад, 2 филми ҳунарии муштарак шурӯъ ва наворбардорӣ гардидаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ, директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён иттиллоъ дод.
Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикифилм” рӯйи навор омадааст дар синамоҷашнвораи байналмилалии Дакка сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филмномаи Осиё Миёна” гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 филмҳои нави Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои иштирок ва рақобат ба Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Лендок”-и шаҳри Санкт-Петербурги Россия, Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Листопад”-и Ҷумҳурии Белорус пешниҳод карда шудаанд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”