Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналии вохиди давлатӣ, 17 ҷамъияти хусусии нақлиётӣ ва 13 ширкати таксӣ ба мусофирон хизмат расонида, 204 млн нафар мусофир кашонида шудааст.
Дар самти татбиқи Барномаи рушди наклиёти барқӣ дар ҶТ барои 2023-2028-ум дар шаҳри Душанбе тадбирҳо андешида шудаву харидории боз 30 элекробуси нав дар назар аст, иттилоъ дод муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода зимни нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо барои шаҳри Душанбе 4350 адад воситаи нақлиёти таксӣ зарур аст, то хизматрасониро ба роҳ монда, талаботи бозори хизматрасониро қонеъ созанд. То ба имрӯз 2958 электромобилҳо харидорӣ ва 126 адад дастгоху таҷхизоти пуркунандаи неруи барқ низ ворид карда шудааст. Ин ҳама тадбирандешиҳо ба хотири он аст, ки тибқи нақша то моҳи сентябри соли 2025-ум хизматрасонӣ пурра тавассути наклиёти барқӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирӣ аз садамаҳо Лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоҳои қонунвайронкунӣ» татбиқ мегардад, ки дар 24 чорроҳа гузошта шуда, дар 11 нуқтаи дигар корҳои васлкунӣ идома доранд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”