Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 783 корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2, 4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 23 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин бора Ҷамшед Табарзода муовини якуми раиси шаҳри Душанбе имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ ба ҳолати 01 июли соли равон аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолию хизматрасонии мавҷуда 22 ҳазору 805 адад ҷойҳои нави корӣ таъсису барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1319 адад зиёд мебошад.
Дар идомаи нишаст Ҷамшед Табарзода гуфт, ки айни замон дар соҳаҳои мухталиф татбиқи панҷ лоиҳа ба маблағи 196. 3 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодааст.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки вобаста ба татбиқи лоиҳаи низоми зеҳнии сабти аксу видеоии вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳ дар 24 чорроҳаҳои автомобилгад ва нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутию хатҳои махсуси ҳаракат, камераҳои назоратии мушоҳидавӣ ва дар 24 минтақаю роҳҳои автомобилгардии шаҳр камераҳои махсуси суръатсанҷ насб гардидааст. Ба гуфтаи масъулин ҳоло боз дар 11 минтақаи нав корҳои васлу насби камераҳои махсуси суръатсанҷ идома дорад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”