Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёти кишвар 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1, 1 миллиард долари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ татбиқ шуда истодаанд. Ин нуктаро Азим Иброҳим Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд. Ба таъкиди ӯ соли равон дар назар аст, ки 5 лоиҳаи он татбиқ гардад. Аз ҷумла 23 пул бо 1, 9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 156 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта бо маблағи 436 миллион долар сохта, ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли равон барои сохтмони асосӣ дар соҳаи нақлиёт аз буҷети давлатӣ 33,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳо дар 25 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар 13 иншоот корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба нақшаи ҳамин давраи соли ҳисоботӣ 94% ва соли 2023 149,2 % – ро ташкил дода, дар 12 иншооти дигар корҳои татбиқнамоӣ идома дорад.
Дар ин бора хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Сарвинози Сайдалӣ аз рафти баргузории нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар хабар дод.