Барои гирифтор нашудан ба бемориҳои сироятии мавсимӣ чи кор бояд кард?

Ҳамасола бо иваз шудани фаслҳои сол ва тағйир ёфтани боду ҳаво ахолии кишвар ба як қатор бемориҳои сироятии мавсимӣ гирифтор мешаванд. Қисми зиёди ин бемориҳо аз беэҳтиётӣ ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун дар фасли гармо, хурӯҷ мекунанд.

Имрӯзҳо аҳолии кишвар новобаста ба сину сол ба бемориҳои гуногуни мавсимӣ гирифтор мешаванд. Зеро гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва истеъмол кардани чунин навъи маҳсулот ба саломатии инсон зарар дорад. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо Ифтихор Мирзода табиби сироятшиноси кӯдаконаи МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”, вирусҳо бисёртар дар ҳавои сард ва бактерияҳо бошад дар ҳавои гарм во мехӯранд. Аз ин хотир дар фасли тобистон бемориҳое ки барангезандаи онҳо бактерияҳо мебошанд зиёд ба назар мерасанд.

Нишонаҳои асосии бемориҳои сироятии мавсимӣ ин ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сару шикам, беҳолию бемадорӣ, рафтани оби бадан ва дарунравии то дараҷаи исҳоли хунин мебошанд. Ба гуфтаи Афзалшо Шарифов мудири кафедраи беморихои сироятии Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ, бемориҳои мавсимӣ дар баъзан ҳолат бо роҳи ғайрисироятӣ хам хуруҷ мекунанд. Аз ҷумла истеъмоли он сабзавоту меваҷоте, ки ҳангоми парваришон аз нуриҳои миниралӣ барзиёд истифода шудааст, метавонад боиси бемориҳои медаю руда гардад.

Афзалшо Шарифов мудири кафедраи беморихои сироятии Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ дар идомаи суҳбат ба мо қайд намуд, ки бемории дигаре, ки дар фасли гармо ба чашм мерасад ва ба бемории шадиди меъдаю руда монанд аст, ин офтобзадагӣ мебошад. Сабаби сар задани он бемаврид ва аз ҳад зиёд гаштани шаҳс дар зери нурҳои тези обтоб мебошад, – гуфт Афзалшо Шарифов.

Маврид ба зикр аст, ки бемориҳои мавсимии сироятӣ ҳамасола хуруҷ менамояд ва барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин намуди бемориҳо моро лозим аст, ки қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намуда, маслиҳатҳои духтурон дар амал татбиқ намоем ва бо ин васила саломатии худ ва наздиконамонро нигоҳ дорем.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”