Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” вобаста ба фаъолияти нимсолаи аввали телевизиони мазкур дар соли 2024 бо иштироки васеи кормандони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.
Яке аз мавзӯи асосие, ки дар давраи сипаригашта мавриди таваҷҷӯҳи кормандони телевизион қарор дошт, ин ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузариш ба низоми ғайринақдии пардохтҳо буд. Дар ин бора зимни нишаст муовини аввали директори МД ТВС, Карим Азизов ба журналистон иттиллоъ дод.
Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар барномаҳои иттилоотии ТВ “Сафина” вобаста ба афзалиятҳои истифодаи васеи пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои пулакии давлатӣ дар ин давра аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузоришҳо таҳия ва пахш гардиданд. Мавзӯи мазкур дар барномаҳои “Мегӯянд, ки …”, “Дар ин замона”, “Дунё пур аз ҷавонист”, “Андоз бақои давлат”, ва “Мавқеъ” низ баррасӣ гардиданд.
Дар тӯли шаш моҳи аввали соли 2024 идораи таҳия ва дубляжи филмҳои Муассиса 30 филми бадеиро дар ҳаҷми зиёда аз 3044 дақиқа ё зиёда аз 50 соат дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардониданд.