Доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг якчанд санадҳо ба имзо расонида шудааст. Лоиҳаи созишномаҳо оид ба ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Туркия, Шоҳигарии Тайланд, ҷумҳуриҳои Малдова, Аргентина, Бразилия, Венесуэла, Доминикана, Колумбия, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Перу, Уругвай, Чили ва лоиҳаҳои ёддошти тафоҳум бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Салтанати Умон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Малайзия, дар маҷмӯъ 13 созишнома, 4 ёддошти тафоҳум ва 2 барномаи байниидоравӣ мавриди корбарӣ қарор гирифта, барои мувофиқа ба ҷониби кишаварҳои зикршуда ирсол гардиданд.
Ин нутка зимни нишастии матбуотии Вазорати фарҳанг зикр гардида, гуфта шуд, ки ҳамзамон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2024-2026” ба имзо расид.