Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар пойтахт бо ҳузури Пешвои миллат, натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи вазорату ниҳодҳои давлатӣ дар кишвар, тақвияти ҳамокриҳо дар доираи СҲШ, мубориза бо таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеа ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 июл гузориши муфассал аз ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп кардааст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 16 июл дар пойтахти кишвар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодии ширкати “Нонпаз”, марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 июл дар матлабе навишт, ки бо афзудани нуфуси аҳолӣ, сари вақт аз партов тоза кардани мавзеъҳои сераҳолӣ барои аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мавзуи ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади осонтар кардани партовкашонӣ аз ҷониби КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и вилоят, бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба баъзе шаҳру ноҳияҳо 13 электромотороллери боркаш тақдим гардид.
Эшбуризода Баҳриддин Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз дошт, ки иқдоми мазкур имкон медиҳад, то кӯчаҳои марказӣ саривақт аз партов тоза шаванд ва чунин дастгириҳо барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист хеле заруранд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 июл матлабе бо номи “Суғд. Дастовардҳо назаррас, аммо камбудиҳо низ мавҷуданд” чоп карда, аз ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли равон дар вилояти Суғд гузориш додааст.
Нашрия менависад, ки Зариф Мирдадо муовини раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ гуфт, ки нишондиҳандаи иқтисодиёт ба 16,2 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расида, ҳиссаи вилоят дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шудааст.
Дар 6 моҳи соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 12 млрд 831 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш, бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.
Ҳамзамон ба навиштаи муаллиф, дар идомаи ҷаласа маълум гардид, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои таъхирнопазир дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёдшавии бақияи қарзи андоз (131,7 млн. сомонӣ), афзоиши ҷиноят, кам шудани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ, норасоии мактабҳо, қарз аз пардохти музди меҳнат, афзоиши муҳоҷирони меҳнатӣ, норасоии оби нӯшокӣ, адои сафари умра аз ҷониби хонандагон, монеа шудани волидон ба таҳсилот, тадриси ғайриқонунии динии хонандагон ва ғайра ба назар мерасанд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 17 июл хабар дод, ки ахиран Раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, мулоқот анҷом доданд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки варзишгарон дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ на танҳо бо касбият ва қобилияти фавқулодда, балки бо хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифгари меҳан ва фарҳанги хеш мебошанд.
Таъкид гардид, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 варзишгароне, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1-ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз мешаванд.
Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ Парчами давлатии кишварро ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба ҳамаи онҳо барору музаффарият таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук, муаррифӣ хоҳанд намуд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 17 июл мақолае бо номи “55 соли фаромушӣ. Чаро сохтмони нақби Гумсу идома наёфт” чоп кардааст. Муаллиф ёдовар мешавад, ки соли 1986 баъди ба истифода додани нақби 14-километраи обрасонии Данғара, дар асоси нақшаи корӣ, мебоист кор дар нақби 2-километраи Гумсу оғоз меёфт.
Мутаассифона, роҳбарияти вақти Тоҷикистон нисбат ба ин нақби асосӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, оғози кори нақбро аз роҳбарияти марказ, яъне аз давлати Иттиҳоди Шӯравӣ талаб карда натавонистанд.
Дар ҳоле ки тибқи нақша кандани нақби 2-километраи Гумсу барои обёрии зиёда аз 2 ҳазор гектар замини бекорхобидаи даштҳои Калташӯр ва бо роҳи худҷорӣ бо об таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ шуда буд.
Дар фарҷом муаллиф мегӯяд, ки барои бунёди нақби 2-километраи Гумсу бо боварӣ метавон гуфт, ки имкониятҳои молиявию техникӣ дар кишвар мавҷуд аст. Боварӣ ҳаст, ки баъди ба нашр расидани мақолаи мазкур бо дастгирии Ҳукумат ин масъала ҳалли худро меёбад ва корҳо дар ин нақби асосӣ оғоз меёбанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 18 июл хабар дод, Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи 141 миллион доллар грант ва қарзҳои имтиёзнок хоҳад дод.
Ин тасмим рӯзи 16 июл дар анҷумани 11-уми солонаи ҷаласаи Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки таҳти раёсати муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода ва муовини директори Идораи Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо Люк Девин баргузор шуд, эълон шуд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигари ин шумораи худ, менависад, ки дар шаҳри Кӯлоб чанд нафар занон даст ба парвариши занбурўғ заданд. Муаллиф меафзояд, ки ҳосили аввал аллакай нишон дод, ки аз ин кор даромади хуб гирифтан имкон дорад.
Ба гуфтаи муаллиф, Сайрабӣ Назирова сокини ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳамроҳи чанд нафар аз занони ҳамдеҳааш ба парвариши замбурӯғ шурӯъ кардаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо моҳи апрел ба ин кор шурӯъ карданд ва аллакай дар моҳи июн ҳосили аввали занбурӯғҳоро фурӯхта, зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ даромад гирифтанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”