Рӯзҳои 11-12 июли соли 2024 муовини вазири рушди иқтисод ва савдо – Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT), ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Нуриддинзода Аҳлиддин дар бахши муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши пайвастшавии усулҳои ҳушманди марбут ба иқлим ва савдои рақамӣ, инчунин долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди устувор» баромад намуда, зарурати такмили фаъолияти ҷории Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA)-ро таъкид дошт.
Инчунин, қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун Раиси Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо дар робита корҳои муштараки амалигардидаи минтақавӣ вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо маълумот манзур намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамоҳангсозии онҳоро бо меъёрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои кишварҳои Аврупо (UNECE) мувофиқи мақсад шуморид.