ДАСТОВАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ: ҒАЛАБА ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISPHO»

Аз 3 то 11 июли соли 2024 дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар (ҳама аз шаҳри Душанбе) иштирок намуданд.

Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Маскав (МФТИ) баргузор карда мешавад.

Дар олимпиадаи мазкур намояндагон аз 23 кишвари олам иштирок намуданд.

Дар ин сабқати байналмилалӣ хонандагони тоҷик маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани 2 ҷойи III ноил гардиданд.

М. Пардаев