Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари расмии сарвазири Покистон ба Тоҷикистон, тақвият ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Чин, афзоиши музди меҳнати кормнадони ниҳодҳои буҷавӣ дар кишвар аз 1 июл, рушди энергетикаи “сабз” ва дигар мавзуҳо матолиби зиёди хабарӣ таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 июл гузориши муфассал аз наҷтиаҳои сафари расмии Шаҳбоз Шариф сарвазири Покистон ба Тоҷикистон чоп кардааст. Зикр мешавад, ки дар доираи ин сафари Шаҳбоз Шариф ба Душанбе, миёни ду кишвар 9 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла раҳбарони ду кишвар ба Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.
“Ҷумҳурият” ҳамчунин дар ин шумораи хеш тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»-ро нашр кардааст.
Дар ин матлаб зирк мешавад, ки аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони соҳаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва идрорпулии донишҷён 40 дарсад зиёд шуд.
Дар баробари ин аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид. Инчунин мутобиқи фармони мазкур, аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад зиёд шуд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ шуда, барои ин мақсад беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона мегардад.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 июл ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро чораҳои пешгирӣ аз офтаҳои табиӣ камтар роҳандозӣ мешавад? Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 465 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар давраи аз 3 то 26-уми май дар ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ рух дода, маблағи зарар беш аз 70 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Муаллиф менависад, ки мутаассифона, тавре ба мушоҳида мерасад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёр хонаҳои нави истиқоматӣ ва иншооти хизматрасонӣ дар ҷойҳои номувофиқ ва осебпазир ба офатҳои табиӣ худсарона бунёд карда мешаванд, ки дар натиҷаи обхезӣ ё дигар ҳодисаҳои табиӣ зарар дида, ба буҷети давлат хисороти калон ворид месозанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 июл хабар дод, ки соли равон барои таъмири муассисаҳои таълимию томактабии вилояти Хатлон аз ҳисоби буҷети вилоят 54,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бобоназар Давлатов иброз намуд, 50,2 миллион сомонӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва 4,3 миллион сомонӣ барои муассисаҳои томактабӣ пешбинӣ шудааст. Номбурда афзуд, ки то ин вақт 22,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағи боқимонда марҳила ба марҳила ҷудо мешавад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атроф мардум аз истгоҳҳои нақлиётӣ истифода намекунанд?
Ба навиштаи муаллиф, дар маҳаллаҳои марказии шаҳри Хоруғ, қад-қади роҳҳои асосии автомобилгард истгоҳҳои муосир барои мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ бо тарҳу меъёри байналмилалӣ бунёд шуданд. Инчунин, соли гузашта зиёда аз 20 автобуси муосир ба вилоят ворид гардида, сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳои байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафт.
Аммо ба гуфтаи муаллиф, паҳлуи асосии масъала он аст, ки теъдоди зиёди сокинон дигар имкониятҳои соҳа, бахусус, баҳрабардорӣ аз истгоҳҳои нақлиётиро сарфи назар карда, ҳар 15 — 20 метр меистанд. Ин омил ба он оварда мерасонад, ки ҳар субҳ кормандони ин ё он идораву муассисаҳо ба кор ва толибилмону донишҷӯён бошанд, ба дарсҳо дер мекунанд.
Таъкид мешавад, ки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот чандин бор дар машварату ҷаласаҳои корӣ доир ба мушкилоти мазкур эродҳои ҷиддӣ гирифт, вале ин масъала ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Дар ин бобат, аз сокинон то масъулон бояд масъулияти бештарро бар дӯш гиранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 4 июл масъалаи истифода аз неруи офтоб барои таъмини хонаҳои сокинони кишвар бо барқро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, тибқи фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, аз 1 апрели солҷи ҷорӣ ширкатҳои сохтмонӣ зимни бунёди манзилҳои баландошёна ва иншооти дигар бояд насби панелҳои офтобиро дар назар бигиранд. Истифодаи ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки аз 6 то 8 дарсади талаботи сокинони биноҳо бо барқ аз ин ҳисоб таъмин шавад. Муаллиф мегӯяд, ки барои мисол дар Душанбе таҷҳизоти фотоэлектрикӣ бо иқтидори 2 кВт метавонад дар давоми сол зиёда аз 2900 киловатт-соат неруи барқ тавлид кунад.
Аммо ба гуфтаи муаллиф, мутаассифона дар Тоҷикистон иқтидори бузурги энергияи офтоб истифоданашуда боқӣ мемонад. Дар ҳоле ки тиқби арзёбиҳо Тоҷикистон метавонад то 25 дарсади ниёзи худро ба неруи барқ бо истифода аз неруи офтоб қонеъ кунад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3 июл зимни натиҷагирӣ аз сафари расмии Шаҳбоз Шариф сарвазири Покистон ба Тоҷикистон навишт, ки дар соҳаи энергетика, лоиҳаи бузурги КАСА-1000, ки ҳадафаш интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад, намунаи боризи ҳамкории ду кишвар аст. Ин лоиҳа на танҳо ба таъминоти энергия дар Покистон кумак мекунад, балки ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ фоида меорад, зеро кишвари мо як манбаи асосии тавлиди энергия барои ин лоиҳа мебошад.
Ба хулосаи муаллиф, равобити миёни Тоҷикистон ва Покистон, ки аз рӯи санадҳои ҳамкории дуҷониба ва табодули дипломатӣ ва иқтисодӣ мушаххас мешаванд, ба сӯи ҳамгироии бештар ва эҷоди имконоти нави ҳамкорӣ пеш мераванд. Ин муносибатҳо на танҳо барои ду кишвар, балки дар маҷмуъ барои минтақа муҳим мебошанд, зеро он ба рушди иқтисодӣ ва устуворӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ кумак мекунанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”