Раиси вилояти Суғд бо котиби Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон мулоқот кард

4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода котиби Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон Саъд ал-Қаддумӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, дар ин самт ҷиҳати дастгирии ҳунармандон як қатор барнома ва лоиҳаҳо татбик карда мешавад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо ин мақсад дар мавзеъҳои таърихӣ растаи ҳунармандон, коллеҷу мактабҳои омӯзишӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, шумораи бештари сокинон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳайати бонуфузи Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ҳунармандӣ ба шаҳри бсотонии Истаравшан ташриф оварда, давоми чор рӯз дар ин шаҳр қарор доштанд. Дар ин муддат меҳмонон бо ҳунармандони шаҳр рва дастранҷи онҳо шинос гардида, ба ҳунари эшон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки воқеъан шаҳри Истаравшна махзани касбу ҳунар ба шумор рафта, то кунун тамоми ҳунарҳои халқӣ пос дошта мешаванд.

Котиби Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон Саъд ал-Қаддумӣ иброз дошт, ки ин ташкилоти байналмилалӣ расо 60 сол қабл — соли 1964 таъсис дода шуда, ҳадафи он дастгирии ҳунармандони халқӣ дар тамоми ҷаҳон ва ривоҷу равнақ додани он ба шумор меравад.

Маълумот дода шуд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои қадимаи қитъаи Осиё ба шумор рафта, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии ҳунармандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Эҳё ва тачдиду навсозии мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ба монанди Қалъаи муғу Қалъаи Хуҷанд ва ҷой додани растаи ҳунармандон дар онҳо худ тасдиқи ин гуфтаҳост.

Раиси вилоят зимнан таъкид дошт, ки халқи тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо ҳунармандони худ машҳур буд. Ба ҷуз Истаравшан дар Панҷакенту Исфара ва Хуҷанд низ навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ҳифз карда шудааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо барои шомил гардидани ин шаҳрҳои қадима ба узвияти Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон мубодилаи афкор намуданд.