Чин бузургтарин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масофаи умумии сарҳади байни ду кишвар 495 километрро ташкил медиҳад. Ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои хуби дипломатиро аз руйи принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, шарикӣ ва бародарӣ ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор гардиданд, ки аз ин сана 32-сол сипарӣ гардид. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ба фаъолият пардохтанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ, дорои аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ мебошад. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳама соҳаҳо ба роҳ мондаанд.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овард.
Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро:
Ø Аз нигоҳи амниятӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади муштараки тӯлони бо Афғонистон ва ҳамчунин бо Чин дорад, ки ҳамкори дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир барои ҳарду ҷониб муфиданд.
Ø Аз нигоҳи сиёси, Чин кишвари калиди дар минтақа буда дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Миллали Муттаҳид яке аз акторони асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ø Аз нигоҳи ҷуғрофи бошад, Чин бо Тоҷикистон дорои марзи муштарак мебошанд, ки назорату ҳамкории ҷиддии ду кишвари ҳамсояро тақозо мекунад.
Ø Аз нигоҳи иқтисодӣ, Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи пешсафиро дорост.
Ø Аз нигоҳи илму маърифат, дар замони муосир Чин яке аз қабулкунандагони асосии донишомӯзон аз Тоҷикистон буда, забони чинӣ дар солҳои охир таваҷҷӯҳи ҷавонони зиёди тоҷикро ба худ ҷалб менамояд.
Соҳаи сиёсат ва амният. Дар муносибатҳои сиёсиву амниятии кишвар сафарҳои расмиву давлатии сарони давлатҳо нақши муҳимро иҷро менамояд. Дар ҷараёни сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар ба он ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд ва зимни сафари расмии моҳи августи соли 2017 сарвари давлати Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.
Дар густариши робитаҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши муҳимро мебозад, ки ҳар сол дар шаҳри Душанбе ва ё дар шаҳри Пекин ҷаласаҳои муштарак баргузор мегарданд. Дар инкишофи робитаи сиёсии дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ҳамчунин нақши машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ду ҷониб хеле муҳим аст. Дар машваратҳои сиёсӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ менамоянд.
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амнияту мудофиа дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкории самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ин Созмон ба зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои профилактикӣ ва дар самти мубориза бо “се бадӣ”, терроризм, эстремизм ва сепаратизм ҳамкориҳои муассирро ба роҳ мондаанд.
Бо дарназардошти ҳассосияти вазъи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон ва Чинро зарур аст, то ҳамкориҳои сиёсиву амниятии худро густариш дода бар муқобили зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму экстремизм муборизаи беамон баранд.
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ. Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии кишварҳоро ҷойгир будани кишварҳо дар ҳамсоягӣ ва доштани иқтидорҳои фаровони захираҳои табии ба ҳам наздик мекунад. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тӯли 30 сол дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон ва Чин ба 8,9 миллион доллар баробар бошад, соли 2019 бошад гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 660,9 миллион доллар расид, ки ин ба 14,6 %-и гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон баробар аст. Ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон ба Чин дар соли 2018 57,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 2017 21,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридот бошад дар давраи соли 2018 ба 594,1 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017 37,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Зимни суханронии худ сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, чунин қайд мекунад, ки аз моҳи январ то сентябри соли 2022 сармоягузории Чин ба Тоҷикистон тақрибан 40 дарсади сармоягузории хориҷиро ташкил додааст. Қайд мекунад, ки гардиши коло миёни чин ва тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 2,6 млрд долларро ташкил додааст.
Хитой дар даврони навин миёни сармоягузорони хориҷии кишвар мақоми аввалро соҳиб мебошад. Ҳаҷми маблағгузории Хитой ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 3 млрд долл. ташкил медиҳад. Сармоягузориҳои Хитой дар доираи лоиҳаи чинии “Як камарбанд,як роҳ” сурат гирифта, он ҳадафнок, бардавом, имтиёзнок буда дар он ягон шарту шароити сиёсӣ ниҳон нест.
Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудаанд. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисоди дошта Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и “Ҷануб-Шимол” ҳамкориҳои энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба як системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кӯмаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикиро то андозае осон намуд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати дар асоси сармоягузории Чин фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштасанг, оҳан, сурма, фосфор ва фулузоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистониву Чинӣ дар Тоҷикистон ширкатҳои муштараки коркарди семент низ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки бозори ватаниро бо семент таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақавӣ содирот менамояд.
Ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ ва гуманитарӣ. Фарҳанг ва илм яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта рушди он заминаро барои ҳамкориҳои саҳаҳои гуногун фароҳам меоварад. Омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи Онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхат барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин, тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2013-2014 -122; ва соли 2014-2015 -277; соли 2015-2016 -240; 2016-2017 -298; 2017-2018 -243; 2019 -197 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои таҳсилӣ дар курсҳои забономӯзӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура ва доктор аз руйи ихтисос PhD –и ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шудааст. Дар соли 2023 беш аз 2,8 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил мекунанд.Ҳамчунин дар донишгоҳҳои Тоҷикистон донишҷӯёни хитойи низ ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар соҳаҳо машғуланд. Гузашта аз ин, дар донишгоҳи муолиҷаи хориҷии Пекин ихтисоси “забони тоҷикӣ” ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар 5-соли охир соли таҳсили 2019-2020 19-нафар, соли таҳсили 2020-2021 15-нафар, соли таҳсили 2021-2022 11-нафар, соли таҳсили 2022-2023 12-нафар донишҷӯёни хитойи дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун таҳсил намудаанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар густариши робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва таълимӣ нақши Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий хело назаррас аст. Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2008 таъсис дода шудааст. Дар Донишкадаи Конфутсий системаи масъулияти директор таҳти роҳбарии шӯрои директорон, ки ба он ректорон аз ҷониби ДМТ ва ДОС Ҷумҳурии Мардумии Чин дохил мешаванд, амалӣ карда мешавад. Моҳи ноябри соли 2016 Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ барои лоиҳаи бунёди бинои нави “Донишкадаи Конфутсийи намунавӣ” аз ҷониби саридораи Донишкадаи Конфутсий тасдиқ карда шуд ва ситод барои дастгирии бунёди ва тарҳрезии утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии “Донишкадаи Конфутсийи намунавӣ” аз ҳисоби саридора маблағ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин, донишгоҳ ҳудуди 4000 метри мураббаъ замин ҷудо карда ҳамасола барои бунёди бинои нави “Донишкадаи Конфутсийи намунавӣ” маблағгузорӣ мекунад. Бинои мазкур моҳи июни соли 2022 ифтитоҳ гардид. Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дорои заминаи мустаҳкам, фаъолияти стандартӣ ва хусусиятҳои намоён мебошад. Дар он аз ҷиҳати миқёси мактаб, системаи таълим, тарғиби фарҳанг, бунёди таҳсилоти дуҷониба ва платформаҳои табодули фарҳангӣ намоиш доша шудааст. Дар бисёр ҷиҳатҳо аз қабили тарҷума, ширкат дар фаъолиятҳои иҷтимоии маҳаллӣ ва ҳоказо пешравиҳои бузург ба даст омада, дар Тоҷикистон ба як маркази салоҳиятдор ва роҳнамоии таълими забони чинӣ табдил ёфт. Платформаи табодули фарҳангии дуҷониба, як маркази табодули таълимӣ ва илмӣ ва пуле барои таблиғоти дохилӣ ва хориҷӣ ҷомеаи маҳаллӣ, неруи муҳими корхонаҳои аз ҷониби Чин маблағгузоришаванда ва равзанаи фаҳмидани чин истиқбол ва ситоиш карда мешавад. Алҳол дар Донишкада 404 нафар хонандагон дар 22 гурӯҳ ба таълими забони хитоӣ фаро гирифта шудаанд. Машғулиятҳои дарсӣ мувофиқи хоҳиши толибилмон сурат гирифта, дар як ҳафта се рӯзро ташкил
медиҳанд ва дар ду баст ба роҳ монда шудаанд. Кормандони Донишкада, ки аксаран шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд, дар баробари машғулиятҳои дарсӣ дар курсҳои забономӯзӣ, ҳамчунин дар факултетҳои забонҳои Осиё ва Аврупо 1 нафар (Хуа Бин), муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносӣ 1 нафар (Ванг Хуйджуанг) ба донишҷӯён ва магистрон аз фанни забон ва адабиёти
Ҳамасола дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” баргузор карда мешавад. Дар чорабинӣ намояндагон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ширкат намамоянд.
Бояд таъкид намуд, ки озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” як чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мешавад. Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 кишвари дунё ҷалб карда, барои донишҷӯён ва толибилмон як платформаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гаштааст – ва бренди машҳур дар соҳаи ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамчун “озмуни забон”, ки пули умумиҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, маъмул гаштааст. Дар солҳои 2011, 2012 ва 2017 Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар тамоми ҷаҳон се маротиба соҳиби унвони “Донишкадаи Конфутсийи пешрафта” гардид.
Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ рушду тавсиа ёбанд. Рушди ҳамкориҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа алоқаманд аст.Аз ин ру суботу амнияти Осиёи Марказӣ ҳам барои кишварҳои минтақа ва ҳам барои Чин хеле муҳим аст. Дар ин росто рушд ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир хеле муҳим аст. Боиси қаноатмандист ки аз руи ин масъалаҳо Тоҷикистон ва Чин мавқеи ягона доранд, ки ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар ва минтақа аст.
Мирзоев Ҳабибҷон, номзади илмҳои таърих,
устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ