Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра, дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд. Кӯшиши мо барои ташаккул додани ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон намунаи хуби барқарор намудани муносибатҳо байни кишварҳои ҳамсоя мебошад. Чунин изҳор намудааст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мақолаи худ, ки дар АМИТ «Ховар» нашр гардидааст.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз намудааст, ки ду мамлакат дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кӯшиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд.
«Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд»,-баён доштааст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Иттилоъ дода шуд, ки Чин дар тӯли солҳои зиёд маблағгузори калонтарин ва яке аз шарикони пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Табодули дуҷонибаи мол соли гузашта ба 4 миллиард доллари ИМА наздик шуд. Чунин раванди мусбатро мо дар чор моҳи аввали соли равон низ нигоҳ доштем.
Ба гуфтаи Си Ҷинпин, Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки дар доираи он кишварҳои мо як қатор лоиҳаҳоро татбиқ мекунанд, аз ҷумла, корхонаи сементи Ёвон, маркази намунавии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ва парки нассоҷии саноатӣ дар ноҳияи Данғара, ки дар мустаҳкам намудани иқтидори саноатию техникии Тоҷикистон нақш мегузоранд ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ба вуҷуд овардаанд, ҳамроҳ шуд.
«Роҳи мошингарди Чин-Тоҷикистон, нақби роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдат, ки аз ҷониби ширкатҳои Чин сохта шудаанд, шоҳраги муҳими нақлиётии Тоҷикистон гардиданд. Маҳсулоти баландсифату аз ҷиҳати биологӣ тозаи Тоҷикистон, ба мисли олу, лимӯ ва ангур дар бозорҳои Чин ҷойгоҳи хос ва дар байни истеъмолкунандагон талабгорони зиёд дорад. Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки бинои парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки сохтмони онҳоро мо бо Президент Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол пеш оғоз бахшидем, ба наздикӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Онҳо шиносномаи нави пойтахти Шумо ва рамзи ҳамкории Чину Тоҷикистон хоҳанд шуд», — иброз доштааст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин.