4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» дар мавзӯи «Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо барои сулҳ ва рушди устувор» иштирок карданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Созмони ҳамкории Шанхай ба сохтори бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфта, дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад. Таъкид шуд, ки Созмон дар ҳифзи суботу амният дар минтақаи масъулияти худ, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши муколамаи фарҳангу тамаддунҳо саҳми муносиб мегузорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидгоҳи Тоҷикистонро дар масъалаи тавсеаи минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба бо давлатҳои нозир, шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои шарики байналмилалӣ баён намуданд.
Сарвари давлат бо таъкиди афзоиши муттасили муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои «оилаи Созмони ҳамкории Шанхай», пешниҳод намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси муштарак бо ҷалби иқтидори давлатҳои нозир ва шарикон дар соҳаи технологияҳои олӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкории сармоягузорӣ оғоз карда шавад. Ҳамчунин зарурати ҷалби фаъолонаи давлатҳои нозир ва шарикони муколама ба фаъолияти Шурои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай ва Ассотсиатсияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қайд карда шуд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика боз ҳам самаранок истифода гардад ва аз кишварҳои «оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» даъват ба амал оварданд, ки ба Созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ шаванд.
Сарвари давлат аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, дар самти азхудкунии муштараки онҳо ба ҳамкории судманд бо шарикон аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳори омодагӣ намуданд.
Президенти кишвар аз афзоиши талошҳои муштарак дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ҷонибдорӣ карда, даъват намуданд, ки кишварҳои узви Созмон ба чорабиниҳои лоиҳаи «Пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай», ки ду сол пеш оғоз шуда буд, ҳамроҳ гарданд.
Дар суханронии Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат ба чолишҳои нав ва таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зарурати идома додани таҷрибаи даъвати нозирон ва шарикони муколама ба тамринҳои зиддитеррористӣ ва амалиёти зидди маводи мухаддир, ки таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории Шанхай гузаронида мешаванд, таъкид гардид.
Дар фарҷом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки вохӯрӣ дар қолаби «Созмони ҳамкории Шанхай — плюс» барои ба сатҳи нави рушди мутобиқ ба талаботи замон баровардани ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай майдони муфид мегардад.
Дар кори саммит, инчунин сарони давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок намуданд. Барои иштирок дар ҷаласа ҳамчунин сарони давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Беларус ва Муғулистон, ба ҳайси меҳмонони ҷониби раисикунандаи Созмон – сарварони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Туркия, Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, ҳамчунин Дабири кулли СММ ва роҳбарони сохторҳои иҷроияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони исломии амнияти озуқаворӣ даъват шуда буданд.