Дар Душанбе “Форуми ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи тибби халқӣ” баргузор гардид

3 июл дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Форуми ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи тибби халқӣ” баргузор гардид, ки дар он Муҳсинзода Ғафур Муҳсин-муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Донишгоҳи тибби анъанавии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Муҳсинзода Ғафур Муҳсин ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфт.

Тавре зикр гардид, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки ин аз кўшишу заҳматҳои роҳбарони ҳарду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Форуми имрўза, ки бо иштироки ҳайати Пажуҳишгоҳи тибби анъанавии шаҳри Чэнду баргузор мегардад, боз ба як самти афзалиятноки соҳа, яъне ҳамкорӣ дар самти тибби анъанавӣ, табодули иттилоот, дастовардҳои соҳаи тибби халқӣ, таъсиси низоми омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин дар ин самт гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, таҳияи принсипҳои умумии аккредитатсияи мутахассисон, таъмини бехатарӣ ва сифати хизматрасонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Гуфта шуд, ки тибби халқӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад ва шумораи бештари кишварҳо аҳамияти тибби анъанавӣ дар соҳаи тандурустиро эътироф намуда, онро дар системаҳои миллии тандурустии худ бомуваффақият ҷорӣ мекунанд.

Дар идомаи форум доир ба муваффақияту дастовардҳои Донишгоҳи тибби анъанавии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ»-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин наворҳои кутоҳи видеоӣ намоиш дода шуд.