Имрӯз, 4 июл Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар назар дошта шудааст.