4 июли соли 2024 дар Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманиам Ҷайшанкар вохӯрӣ доир намудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависд, ки вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, атрофи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.