Дар заминаи рушди соҳаи саноат давоми солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст. Ин тадбир имкон фароҳам намудааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе либоси мактабӣ харид намоянд.
3 июли соли 2024 бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе боздиди масъулони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҶСК “Гулистон”, ки яке аз бузургтарин корхонаҳои саноати истеҳсолотии Тоҷикистон ба шумор меравад, баргузор шуд. Зимни боздид масъулин доир ба шароити истеҳсолот, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабӣ маълумот доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад. Ин тадбир имкон фароҳам намудааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сару либоси мактабӣ харид намоянд.
Хариди сару либоси ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе барои рушди саноати пойтахт, таъсис ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам менамояд.
М. Пардаев