Мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Нимаи дуюми санаи 1 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ – хонум Антонелла Бассанӣ, ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ – хонум Хела Шейхроухӣ, директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ – хонум Татяна Проскурякова ва ҳайати ҳамроҳ сурат гирифтааст.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуда, оид ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат изҳори назар намуданд.