ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Аз дирӯз, 1 июли соли 2024 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми омӯзишӣ оғоз ёфтааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати мудофиа хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат 1 июл дар Вазорати мудофиаи мамлакат, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дар тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулиятҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Зимни оғоз аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Артиши миллӣ нахуст ба саҳми иштирокчиён талаботи фармоиши вазири мудофиа ва нақша-чорабиниҳо оид ба ташкилу баргузор намудани дарсу машғулиятҳои таълимии даври дуюми омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ расонида шудааст.

Илова бар ин, масъулини вобастаи ин чорабинии муҳими низомӣ, доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз даври якуми омӯзишӣ ва оид ба ҳадафу моҳияти мавзӯъҳои ба машғулиятҳои даври дуюм пешбинигардида, изҳори назар карда, аз хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳо муносибати ҷиддиро дар самти омӯзишу аз бар намудани таълимоти ин давр талаб намуданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад.

Зеро, тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.

Ҳамин гуна чорабиниҳои тантанавӣ рӯзи якуми июл инчунин дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ва ҷузъу томи тобеи навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бо ташкили ҷамъомаду машғулиятҳои дарсӣ, намоиши нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ки барои нимсолаи дуюми омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки яке аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва дуюмин бошад, аз якуми июл шурӯъ гардида, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр ҷамбасту натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар робита ба ин, рафти машғулиятҳои назариявӣ ва ҳам амалии ду давраи омӯзишӣ, таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, зимни ҷамъбаст натиҷаи он таҳлилу баррасӣ ва сатҳи иҷрои талаботи таълимоти давраҳои таҳсил баҳогузорӣ карда мешаванд.

Ба чунин ҷамъомаду машғулиятҳои омӯзишӣ муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо ва хадамотҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ, афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд.