Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 1 июли соли 2024 дар доираи ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз 1 то 3 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Толеҳ Казимов вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо сухан ронда, имзои “Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон” ва “Ёддошт байни Департаменти мониторинги молиявии БМТ ва Хадамоти мониторинги молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО”-ро натиҷаи мусбати вохӯрӣ ва ташрифҳои мутақобилаи роҳбарони бонкҳои марказии ду кишвари бо ҳам дӯст унвон карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин доир ба тақвияти ҳамкории низоми бонкии ҳар ду кишвар табодули назар карда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкорӣ талош хоҳанд намуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароит ҷиҳати кушодани бонк ё намояндагиҳои бонкҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, рушди муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар, табодули таҷриба дар соҳаи назорати бонкӣ ва суғурта, рушди бозори сармоя ва татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ масъалаҳои навбатии муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад.
Шоистаи Аҳмад,
Радиои Точикистон